МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ дар меҳмонии Норакшаҳр

Аз мавсими истироҳатӣ дар мавзеъҳо ва истироҳатгоҳҳои шаҳри Норак 35 ҳазор шаҳрвандони кишварамон истироҳат намуданд».

 

Дар ин бора  раиси шаҳри Норак Неъматзода Маликшо Маҳмадшо зимни нишасти матбуотӣ 22 июли соли 2020 ба рӯзноманигорони дохилу хориҷи кишвар хабар дод.

 

Корхонаҳои саноатии шаҳр дар шаш моҳи соли ҷорӣ  ба маблағи 1,3 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 112,6 фоиз ё ин ки 144,8 млн сомонӣ зиёд мебошад.

 

Бо мақсади таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ дар соли 2020 2 коргоҳи истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳи истеҳсоли обҳои ғайриспиртӣ ва коргоҳи дару тирезаҳои пластикӣ таъсис дода шуд.

 

Баҳри таъмини Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр 193 адад иншоотҳои гуногун ба нақша гирифта шуда, аз ин шумора ба ҳолати имрӯза 77 адад иншоотҳои гуногун ба истифода дода шуда, иншоотҳои аз 50 фоиза то 95 фоиза 68 адад, аз 0 то 50 фоиза 48 ададро ташкил медиҳад.

 

Дар ин давра аз ҳисоби соҳибкорон 15 адад иншоотҳои хизматрасонию  маишӣ ба маблағи  4,6 млн сомонӣ сохта ба  истифода  дода шуд. Дар  шаш моҳи соли ҷорӣ дар асоси лоиҳаҳои меъморию шаҳрсозӣ дар ҳудуди шаҳр 56 хонаи истиқоматӣ ба миқдори 14,1 ҳазор метри мурабаъ ё ба маблағи 10,8 млн сомонӣ сохта ба истифода дода шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 8 адад хонаҳои истиқоматӣ ё 3,2 млн сомонӣ зиёд мебошад.

 

Ба ҳолати имрӯза дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 1098 гектар, аз ҷумла 663,3 гектар гандум, 20 гектар ҷав, 12 гектар ҷуворимаккаи дон, 20 гектар лубиёгиҳо, 42 гектар зағер, 162,4 гектар картошкаю сабзавот, 32 гектар полезӣ, 146,3 гектар зироати хӯроки чорво кишт карда шуда, нақшаи пешбинигардида таъмин карда шудааст.