МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст

Бо мақсади таъмини амри раиси вилояти Хатлон аз 24 апрели соли 2020, № 9 оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба риояи агротехникаи парвариши зироатҳо, ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, вусъат додани кишти такрории зироатҳои  кишоварзӣ,  омодагиҳо ба  кишти такрории картошка  ва  зимистонгузаронӣ, аз ҷумла захираи  хошок гурӯҳи кории  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон имрӯз  28 июли  соли 2020  дар шаҳри Норак аз як қатор хоҷагиҳои инфиродӣ, деҳқонӣ ва ҷамъиятӣ дидан намуда, аз рафти фаъолияти онҳо шиносоӣ пайдо намуданд.

 

Раиси шаҳри Норак Маликшо Неъматзода ба ҳайати меҳмонон оид ба самаранок истифода бурдани ҳар  порча  замин ва рӯёнидани  2-3 ҳосил дар як сол  дар мисоли қитъаҳои замини наздиҳавлигии  як қатор сокинони  Норакшаҳр  иттило  дод.

 

Дар  рафти боздид аз  ҷониби мутахассисони  соҳа ба деҳқонону аъзои  хоҷагиҳо вобаста ба баланд бардоштани ҳосилнокии замин дастуру маслиҳатҳои  муфид  дода  шуд.