МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Паёми шодбошии раиси шаҳри Норак муҳтарам Неъматзода Маликшо Маҳмадшо ба муносибати фарорасии иди саиди Қурбон

Ҳамдиёрони азиз!

 

Бо истифода аз фурсати муносиб мардуми сарбаланду шарафи Норакшаҳрро ба фарорасии иди саиди Қурбон самимона муборакбод намуда, ба ҳар як оила пеш аз ҳама тансиҳатии комил, рӯзгори орому осуда, файзу баракатро таманно менамоям.

 

Ҳамагон огоҳӣ дорем, ки иди саиди Қурбон ҷашни хайру саховат буда, ҳамаро ба анҷоми корҳои хайр ва ёрӣ ба маъюбону дармондагон, ятимону беморон ҳидоят менамояд.
Амали нек ва хайру саховат яке аз рукнҳои дини мубини ислом ба ҳисоб рафта, аёдати беморон, пиронсолону барҷомондагон аз амалҳои нек ба ҳисоб меравад.

 

Бинобар сабаби паҳншавии бемории сирояти коронавирус дар ҷаҳон тибқи фатвои Раёсати Шӯрои уламо намози иди Қурбон баргузор намегардад. Бо мақсади пешгирии хуруҷи ин беморӣ даъват мекунам, ки чорабиниҳои оммавӣ, аз ҷумла идгардак то давраи ба эътидол омадани вазъ муваққатан худдорӣ карда шавад.

 

Аз сокинони шаҳр хоҳиш менамоям, ки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон " Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"- ро риоя намуда, ба исрофкорӣ роҳ надода маблағҳои худро самаранок истифода намуда, дар таълиму тарбияи фарзандон сарф намоянд.

 

Бори дигар сокинони шаҳрро ба фарорасии иди саиди Қурбон муборакбод менамоям.