МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Ҷаласаи ситоди зимистонгузаронӣ доир гардид

Имрӯз 8 сентябри соли 2020 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак таҳти роҳбарии сардори Ситоди шаҳрӣ муовини якуми раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод оид ба ҳамоҳангсозии корҳо барои фаъолияти мумтазами соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 баргузор гардид.

 

Дар рафти баргузории ситоди шаҳрӣ котиби ситод мудири бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи шаҳр Султонов Идибек оид ба рафти иҷрои қарори раиси шаҳри Норак аз 11 майи соли 2020 таҳти рақами- 176 "Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят барои фаъолияти мумтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021" баромад намуд.

 

Дар ситоди мазкур рафти ҳолати омодагӣ ба зимистонгузаронии солҳои 2020-2021 мавриди таҳлил қарор дода шуда, оид ба камбудиҳои ҷойдошта муовини раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод бо аъзоёни Ситод супоришҳои мушаххас дод.