МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Мукофоти давлатӣ муборак!

Санаи 8 сентябри соли 2020 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо иштироки намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак оид ба масъалаи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шоҳиён Шермуҳамад ва раиси шаҳри Норак муҳтарам Неъматзода Маликшо Маҳмадшо, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроия ва сардорони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳр ҷаласа баргузор гардид.

 

Дар ҷаласа зимни суханронӣ муҳтарам Шоҳиён Шермуҳаммад ҳозиринро бо ҷашни 29-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон шодбош намуда, сипас Фармони Президенти кишварро дар бораи бо мукофоти давлатӣ-медали Хизмати шоиста сарфароз намудани раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Гулмуродзода Қумринисои Гулмурод, сардори коргоҳи барқии НБО-и Бойғозӣ Алиев Гулмурод Икромович, муҳандиси пешбари Хадамоти ҳифзи эътимодият ва техникаи бехатарӣ дар НБО-и Норак Каримов Лақай Холиқович қироат намуда, медал ва Шаҳодатномаи онро ба онҳо супорид.