МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Ҷаласаи ситод оид ба маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ

Имрӯз 11 сентябри соли 2020 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак, Ситоди шаҳри оид ба омодаги ба маъракаи муҳими давлати, барӯйхатгирии аҳолӣ таҳти роҳбарии раиси шаҳр Неъматзода Маликшо Маҳмадшо баргузор гардид. 

 

Раиси шаҳр гузориши масъулинро оид ба омодаги ба ин чорабинии муҳим, ки рӯзҳои 1-15 октябри соли 2020 дар кишварамон баргузор мегардад, шунида, барои дар сатҳи баланди ташкили гузаронидани он дастурҳои зарури дод. 

 

Ёдовар мешавем, ки шаҳри Норак дар раванди омодаги ба маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ба ҳайси шаҳри пилотӣ интихоб гардида буд.