МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Интихоби номзади арзанда

Интихобкунандагони  шаҳри Норак ба хотири амалишавии орзуҳои ояндаи худу фарзандонашон ва фардои боз ҳам дурахшони Тоҷикистони маҳбуб шурӯъ аз соати 6:00 ба участкаҳои интихоботии маҳали зисташон ҳозир шуда, бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ ба ҷонибдории номзади арзанда раъй медоданд. Дар ин рӯз шаҳр симои идона дошт ва аз ҳар гӯша садои суруд ба гӯш расида, ба маъракаи интихобот ҳусни дигар зам мекард. Ин далели сулҳу оромии кишвар ва зиндагии осудаи сокинон мамлакат мебошад. Дар 16  учаскаҳои интихоботии Норак 30837 нафар интихобкунандагон, аз ҷумла 700 нафар бори аввал раъйи худро ба номзади арзанда доданд. Интихобот озоду шафоф гузашта нозирони байналмилалӣ аз Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо, Созмони  ҳамкориҳои шанхай, Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва кишварҳои Руссия ва Узбекистон бо ҷараёни баргузории  интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуда, изҳори қаноатмандӣ намуданд.