МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Риояи қонунҳо талаби замон

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи навбатии Шӯрои шаҳрии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзои Шӯро, шахсони масъул иштирок намуданд.

 

Раиси шаҳр Неъматзода Маликшо Маҳмадшо -раиси Шӯро ҷаласаро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа шинос намуд. Аъзои Шӯро масъалаҳои вазъи корҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар шаҳр, ҳолати фаъолияти маҳфилҳои ҳуқуқӣ  ва ҳавасмандгардонии иштирокчиёни озмунҳои шаҳрӣ, вазъи пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо дар  байни аҳолӣ, бахусус наврасону ҷавонон, ҳамкориҳои  шаҳрвандон  бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо,махсусан муқовимат бо экстремизм, терроризм, савдои одамон, муомилоти  ғайриқонунии воситаҳои  нашъадор, ҷиноятҳо муқобили  амнияти  иттилоотӣ, ки хусусияти фаромиллӣ  касб намудааст, ба роҳ  мондани корҳои ташвиқотӣ оид ба фаҳмондадиҳии  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор дода, Шӯро оиди масъалаҳои  рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул намуд.

 

Дар кори Шӯро  раиси Суди вилояти  Хатлон  Мирзозода Рустам Пираҳмад ба аъзои Шӯро баҳри беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти корӣ маслиҳатҳои амалию методӣ расонид.