МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад

Рӯзҳои 13-14 октябри соли 2020 семинари омӯзиши сайёри гурӯҳи анорпарварони ҷамоатҳои Даштиҷум, Н.Маҳмудови ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба ҶДММ "Боғи анор" ва ҶДММ "Далдахурон"-и шаҳри Норак бо иштироки Муҳаммад Маланг Сафӣ доктори илмҳои кишоварзӣ , коршиноси соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии исломии Авғонистон, Камолов М.-мудири шуъбаи мевадиҳандаҳои Институти боғдорӣ ва сабзавотпарварии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Партоев К.-мудири шуъбаи генетика ва селексияи Академияи Миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 

Дар кори семинар раиси шаҳри Норак Неъматзода Маликшо Маҳмадшо иштирок намуда, оид ба дастовардҳои кишоварзон дар соҳаи анорпарварӣ дар назди ҳозирин баромад намуд. Дар охир иштирокчиёни семинар оид ба дастовардҳои соҳаи анорпарварӣ табодули афкор намуданд.