МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Дастовардҳои миллат барои зиндагии осоишта

Пешрафти босуботи иқтисоди мамлакат, пеш аз ҳама, дар натиҷаи ҳуҷҷатҳои қабулгардидаи афзалиятнок, аз ҷумла «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015», «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015», «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», «Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ барои солҳои 2009-2018» ва дигар барномаҳои давлати таъмин гардид.

 

Қайд кардан зарур аст, ки ҳоло дар кишвар ислоҳоти иқтисодӣ марҳила ба марҳила идома дошта, гузариш ба модели нави рушди иқтисодӣ ва расидан ба ҳадафҳои тараққиёти устувор тибқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» амалӣ шуда истодааст.

 

Боиси қайд аст, ки дар ҳафт соли охир ҳаҷми воқеии маҷмўи маҳсулоти дохилӣ беш аз 2 баробар афзуда, суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодӣ ба 7 фоиз баробар шуд, ки ин мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ нишондиҳандаи баланд ба ҳисоб меравад.

 

Чунин натиҷа аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 2,7 баробар, кишоварзӣ 1,5 баробар, савдо 2 баробар ва сармоягузорӣ  2,7 баробар таъмин гардид.

 

Зикр кардан ба маврид аст, ки маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолии мамлакат дар соли 2013 5 ҳазор сомонӣ ва дар соли 2020 то 8,8 ҳазор сомонӣ расонида шуд. Саҳми бахши хусусӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра аз 54 фоиз ба зиёда аз 70 фоиз расид.

 

Қобили қайд аст, ки дар мамлакат дар ҳафт соли охир зиёда аз 1200 корхонаи нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз карда, ҳамасола 150 ҳазор ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода мешавад. Ва шумораи муҳоҷирати меҳнати 50 фоиз кам гардид.

 

Даромади пули аҳолӣ беш аз 2 ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар зиёд шуд.

 

Дар заминаи татбиқи саривақтӣ ва босифати ҳуҷҷатҳои стратегӣ нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 38,3 фоизи соли 2013 то 26,3 фоиз дар соли 2020 паст гардида, сохтори истеъмолии аҳолӣ тағйир ёфт ва дар он ҳиссаи хароҷоти ғайриозуқаворӣ ба маротиб зиёд гардид.

 

Дар ин давра дарозумрии миёнаи шаҳрвандон аз 73 то 75 сол боло рафт ва фавти кўдакони синни то панҷсола 20 фоиз коҳиш ёфт .

 

Сиёсати самарабахши молияи давлатӣ амалӣ гардида, ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз 12 миллиард сомонии соли 2013 то 23,6 миллард сомонӣ дар соли 2020, яъне 2 баробар афзоиш ёфтааст.

 

Дар ҳафт моҳи соли охир ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 83 миллиард сомонӣ сармоя, аз  ҷумла зиёда аз 30 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷи ҷалб гардид.

 

Барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 24 миллиард сомонӣ, аз ҷумла дар соҳаи энергетика 11 миллиард сомонӣ, нақлиёт  7,3 миллиард сомонӣ, кишоварзӣ ва обёрӣ 1,3 миллиард сомонӣ, бахши иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок беш аз 4 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

 

Илова бар ин, ҳоло барои рушди соҳаҳои мазкур 70 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи умумии 36 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

 

Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ манзили истиқоматӣ ба масоҳати 9 миллион метри мураббаъ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ бо зиёда аз 160 ҳазор ҷойи нишаст ва муассисаҳои тандурустӣ бо 9 ҳазор кат сохта ба истифода дода шуданд.

 

Дар ҳафт соли охир беш аз 1500 километр роҳи мошингард, 190 пул, 4 долони зидди тарма ва 50 километр роҳи оҳан бунёду навсозӣ гардида, имконияти транзитии кишвар густариш дода шуд.

 

Ҷиҳати татбиқи ҳадафи стратегии таъмини интиқоли энергетикии кишвар истеҳсоли неруи барқ аз 17,1 миллиард киловатт-соат дар соли 2013 то 21 миллиард киловатт-соат дар соли 2020 расонида шуд.

 

Бо талошҳои созандаи Ҳукумат ва мардуми кишвар ду агрегати НБО-и «Роғун» ба истеҳсоли неруи барқ шурўъ намуда, маҳдудияти интиқоли барқ дар фасли зимистон бартараф гардид.

 

Бо ин рўйдоди муҳими таърихӣ орзуи чандинсолаи халқи азизамон амалӣ гардид ва тамоми кишвар аз мушкилоти бебарқӣ раҳоӣ ёфт.

 

Бо мақсади беҳбуд бахшидан ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои кишвар, таъмини шуғли пурмаҳсул ва баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардиданд.

 

Ҳоло омодагӣ ба ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ идома дорад, ки дар доираи нақшаи ба истиқболи ин ҷашни бузурги миллӣ тасдиқгардида, дар шаҳру ноҳияҳои кишвар беш аз 25 ҳазор иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ ва сайёҳӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.

 

Илми ватанӣ дар ин давра рушд намуда, олимони кишвар тайи ҳафт соли охир таваҷҷуҳи асосиро ба таҳқиқу омўзиши масъалаҳои асосии вобаста ба пешрафти соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди миллӣ равона намуданд.

 

Дар соҳаи маориф дар ин давра 135 муассисаи томактабӣ, 740 маркази ташаккули зеҳнии кўдакон, 1444 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бунёд гардида, бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин карда шуданд.

Инчунин, таъмири асосии 439 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба анҷом расида, 5 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таъсис дода шуд.    

      

Дар ин муддат ба хотири татбиқи сиёсат оид ба дастгирии занон ва оила  якчанд барномаҳои давлат амалӣ шуда шумораи онҳо дар  вазифаҳои роҳбарикунанда ба  маротиб зиёд гардид.

 

Ҷавонон низ ба сифати қишри фаъол  ва созандаи кишвар  ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, дар ин самт хеле  корҳои  назаррас амалӣ гардидаанд.

        

Дар ин  раванд  ду барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон  татбиқ гардида, дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шўрои миллии кор бо ҷавонон таъсис ёфт.

        

Соли 2017 « Соли ҷавонон» эълон  гардида ва дар як қатор  шаҳру ноҳияҳои кишвар  марказҳои  ҷавонон  бунёд карда шуданд.

        

Тадбирҳои зикршуда имкон фароҳам оварданд, ки ҷавонон  дар ҳаёти  сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ фаъолона  иштирок кардаанд.

 

Ҷиҳати рушди варзиш  ва оммавигардонии он  аҳамияти аввалиндараҷа  дода шуда,  дар кишвар  толор ва майдончаҳои  зиёди  варзишӣ бунёд гардида, варзишро гарави солимиии ҷомеа эълон карда, садҳо чорабинии  варзиширо дар дохили кишвар  ба роҳ монд.

 

Бо мақсади рушди ҳамаҷонибаи варзиш ду  барномаи давлатӣ амалӣ гардида,  Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ таъсис ёфт.

         

Дар натиҷаи таваҷҷуҳ  ба ин соҳаи муҳим шумораи мактабҳои варзиш ба 128, варзишгоҳҳо ба 124, майдончаҳои варзиш ба 7301, толорҳои варзиш ба 1807, ҳавзҳои шиноварӣ ба 92 ва иншоотҳои махсуси варзиш ба 792 расида, ба кор оғоз кардани Қасри теннис ва  маҷмааи варзишии обӣ  дар шаҳри Душанбе имкони дар кишвар  баргузор намудани чорабиниҳои  сатҳи  байналмилалиро фароҳам овард.

 

Вусъат гирифтани раванди созандагӣ нишонаи возеҳи боло рафтани ҳисси ватандўстӣ дар миёни аҳли ҷомеа мебошад.

 

Зеро дар ин раванд шаҳрвандони кишвар сиёсати Роҳбари давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ саҳми арзишманд гузоштанд.

 

И.Султонов, сокини шаҳри Норак