МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ мароми мост.

Имрўз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи васеи ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иқтисодӣ- иҷтимоии шаҳр дар нуҳ моҳи соли 2020 таҳти раёсати раиси шаҳр Неъматзода Маликшо Маҳмадшо баргузор гардид.

 

Зикр гардид, ки новобаста аз паҳншавии сирояти нави коронавирус дар ҷаҳон ва расонидани таъсири манфӣ ба пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар корхонаю муассисаҳои шаҳр нуҳ моҳи соли ҷориро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуданд.

 

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ  даромади  буҷети маҳаллӣ  103 фоиз ё 41,6 млн сомонӣ  таъмин гардид.

 

Қайд кардан зарур аст, ки ҳиссаҷудокунӣ ба  буҷети  вилоятӣ 6,2 млн сомониро ташкил дод. 

 

Қисми хароҷоти буҷет бошад 88 фоиз ё ин ки 34,4 млн сомонӣ  таъмин карда шуд. Бақияпулиҳои андоз нисбати аввали сол 12,9 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.

 

Дар 9- моҳи соли ҷорӣ  корхонаҳои саноатии шаҳр 1,8 млрд сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта  104,2 фоиз ё  ин ки 74,2 млн сомонӣ зиёд мебошад. Бо мақсади таъмини ҷойҳои нави корӣ дар ин давра 4 коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ таъсис дода шуда, 16 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

 

Рафти иҷрои корҳои сохтмонию пудратӣ  дар 9 моҳи соли 2020  ба 218,4 млн сомонӣ  расонида шудааст.

 

Хизматрасонии пулакӣ дар 9- моҳи соли 2020 24,2 млн сомонӣ ва савдои  чаканаи мол   бошад 78,2 млн сомонӣ иҷро гардидааст.

 

Маҷмўи маҳсулоти кишоварзӣ дар 9- моҳи соли 2020 57,6 млн сомонӣ ё ин ки  15 фоиз нисбати ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфтааст.

 

Бонкҳои дар шаҳр фаъолиятдошта  дар ин давра 20,4  млн сомонӣ қарзҳои кутоҳмуддати  бонкӣ  додаанд, ки аз  он  820,5  ҳазор  сомонӣ  ба самти кишоварзӣ  равона  гардидааст.

 

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  193 адад иншоотҳо ба нақша гирифта шуда, дар ин давра 104 адад иншоотҳо мавриди истифода қарор дода шудааст.

 

Ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифода шуда  дар маҷмуъ 92 фоиз  иҷро гардидааст.

 

Ба ҳолати имрўза бақияи қарзи неруи барқ 21,4 млн  сомонӣ буда, нисбат ба аввали сол  776,5 ҳазор сомонӣ  кам  гардидааст.

 

Раиси шаҳр диққати ҳозиринро ба падидаҳои номатлуб,аз ҷумла  нашъамандӣ  дар миёни ҷавонон,зиёд шудани ҷиноят, ҷудошавии оилаҳои ҷавон,беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи хонандагон, таъсиси китобхонаҳо, баргузории озмуну чорабиниҳо ҷиҳати ҳарчӣ бештар ҷалб намудани аҳолӣ ба мутолиаи китоб  равона намуда, ҳозиринро ба корҳои  созандагию  бунёдкорӣ  ҳидоят намуд.