МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Тантанаҳои иди Меҳргон дар Хатлон

Тибқи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон рӯзи 17 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтар ҷашни миллии Меҳргон таҷлил карда шуд.


Расман эҳё гардидани иди Меҳргон нахуст аз фарҳангу маданият ва асолати бузурги гузаштагонамон гувоҳӣ дода, ҳисси худшиносӣ ва ифтихори миллии моро дучанд месозад. 

 

Дар ҷашн кишоварзони шаҳри Норак маҳсулотҳои гуногуни кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулотҳои нонӣ, оши палов ва гулҳои рангорангро ба намоиш гузоштанд.

 

Санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр доир ба ҷашни меҳргон суруду таронаҳоро пешкаши ҳозирин намуданд.