МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Пазироии ғолибон

Рӯзҳои 9-10 ноябри соли ҷорӣ даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» дар шаҳри Душанбе  баргузор  гардид. Аз шаҳри Норак дар озмуни мазкур 5 нафар довталабон аз рӯи 2 номинатсия  иштирок намуданд.

 

Аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявӣ  дар номинатсияи сарояндагӣ жанри академӣ Солиҳов Қобилҷон Бобоназарович (омӯзгор Савров Х.), Воҳидов Саъдӣ Назаралиевич (омӯзгор Ҳусейнов Ф.) ва дар номинатсияи навозандагӣ дар жанри академӣ Бузургмеҳри Идибекзода(омӯзгор Савров Х.)  ғолиб дониста шуданд.

 

Раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод ғолибон ва омӯзгорони онҳоро ба ҳузур пазируфта, ба дастоварди баланди фарҳангӣ муборакбод намуда, аз фаъолияти пурсамари омӯзгорони мактаби бачагонаи санъати шаҳр изҳори қаноатмандӣ намуд. Сипас ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

 

Асозода Дилшод  Алимурод баҳри боз ҳам  ривоҷу равнақ додани ҳунарҳои фарҳангӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав ва чеҳраҳои ҳунар ба мудири бахши фарҳанг ва шахсони масъул  дастуру супоришҳои навбатӣ дод.