МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Фориғболӣ нашояд

Имрӯз таҳти раёсати раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ  муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён ситоди корӣ бо аъзои  гурӯҳҳои корӣ оид ба омодагӣ  ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 

Муовини раиси шаҳр, аъзои гурӯҳи корӣ Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан оид ба рафти иҷрои корҳои ободониё  бунёдкорӣ  дар 10 моҳи соли ҷорӣ ҳисобот  дод.

 

Сипас роҳбари гурӯҳи корӣ диққати ҳозиринро ба дастуру супоришҳои  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои риояи гигиенаи шахсӣ,  пешгирии сирояти коронавирус, вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ, истифодаи оқилонаю  мақсадноки ҳар як ваҷаб замин,таъмини амнияти озуқаворӣ ва захираи дусолаи маводи хӯрока ҷалб намуда, ба шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас дод.