МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Рейдҳои муштарак

Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мақсади ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо масъулини шуъбаи маориф,  намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ва дружиначиёни ихтиёрӣ  рейдҳои муштарак дар кӯчаю  нуқтаҳои бозиҳои компютерӣ дар ҳудуди шаҳр гузаронида, оид ба масъалаҳои мубрами рӯз пешгирии ҷинояту қонунвайронкунӣ  миёни наврасону ҷавонон,шомил шудани ҷавонон ба равияҳои бегона, риояи  сару либоси  миллӣ суҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом доданд.