МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Паёми табрикии Раиси шаҳри Норак ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Ҳамдиёрони гиромӣ!  

 

Боиси ифтихору сарбаландист, ки моҳи майи соли 2016 аз ҷониби Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид гардида, бо назардошти хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли чорум аст, ки 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент таҷлил карда мешавад.Ҳамчунин имсол  28-солагии Иҷлосияи таърихии 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

 

Бинобар ин, бо камоли ифтихору сарфарозӣ таҷлили ин санаҳои тақдирсози миллатро ба Шумо самимона  табрику муборакбод гуфта, бароятон сиҳатмандиву ободии рӯзгор, иқболи баланд, баракати Ваҳдат, иродаи созанда ва саодати пояндаро дар роҳи ободии Ватан орзумандам.

 

Имрӯз мо-мардуми Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун як наҷотбахши давлату миллат, кафили сулҳу  ваҳдат, эҳёгари   фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ эътироф намудаем.

 

Мо аз он ифтихормандем, ки бо азму талошҳои пайгиронаи  Сарвари маҳбуби Ватанамон-Тоҷикистонро ҷаҳон  шинохт, миллати тоҷик дар дунё муаррифӣ гашт, овози тоҷик ба гӯши аҳли башар расид ва садои тоҷик аз минбарҳои баланди созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ танинандоз гашт.

 

Ҷойи фахр аст, ки аксарияти ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра, махсусан  оид ба дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва дигар мушкилоти экологӣ аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид бо қаноатмандӣ пазируфта шудаанд. Гузашта аз ин, тӯли солҳои соҳибихтиёрӣ Тоҷикистон ба майдони баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва ҳамоишҳои сатҳи баланди байналмилалӣ табдил ёфт.

 

Мавриди зикр аст, ки нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳё ва гиромидошти суннату арзишҳои миллӣ, зинда гардонидани номи шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ, муттафакирони  тоҷику форс, чеҳраҳои шинохтаи динӣ ва аҳли илму адаб бисёр бузург ва беназир аст.

 

Қайд кардан ба маврид аст, ки барои  хизматҳои барҷаставу  арзандаи таърихии Президенти мамлакат ҷиҳати таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, хомӯш кардани оташи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ ва рафъи хатари парокандашавии миллат ба ин абармарди миллат мақоми Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат лоиқ дониста шуд. Итминон дорем, ки кохи муҳташами сулҳи тоҷикон, ки  бевосита бо дастони ин чеҳраи сиёсии эътирофшудаи сатҳи байналмилалӣ бунёд шудааст, ҳазорсолаҳо бегазанд хоҳанд монд ва таҷрибаи бузурги сулҳоварӣ ва давлату миллатсозии Пешвои тоҷикони ҷаҳон садсолаҳо мавриди омӯзиш, пазириш ва таваҷҷуҳи ҳамешагии давлатҳои олам ва аҳли башар қарор хоҳад гирифт.

 

Чуноне ки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров ҳангоми баромадашон дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 декабри соли 2015 қайд намуда буданд: «Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат қаҳрамон аст, қаҳрамоне, ки ният ва маромаш оромии ҳар хонадон ва мардуми Тоҷикистон буд, ҳаст ва хоҳад монд. Дар ӯ чиҳатҳои зиёди инсони олию оддӣ, меҳрубонию ҷасорат, хоксорию ғурур ва риояи одоб, дар мизони хирад ва тарозуи манфиати миллат ва Ватан ба ҳам омадаанд».

 

Ба ҳамагон маълум аст, ки замони пош хӯрдани давлати абарқудрати Шӯравӣ ба кандашавии робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва дигар муносибатҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои пасошӯравӣ боис гардид ва  ин омил тамоми самтҳои хоҷагии халқи мамлакатро ба бӯҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ дучор намуд. Гузашта аз ин,  якбора боло рафтани рӯҳияи озодфикрию гуногунандешии сиёсӣ, таъсиси гурӯҳу ҷунбишҳои гуногун, надоштани таҷрибаи кофии сиёсии   идораи   кишвари  соҳибихтиёр аз ҷониби  роҳбарони  давр  ба  авҷи майдоншиниҳо, хатари парокандашавии  миллат,  тамомияти арзӣ ва ҷудоиандозии минтақаҳои кишвар боис гардид. Аз ҳама нангинаш он буд, ки бо айби гурӯҳу ҳизбҳо, афроди алоҳида ва дахолати бевоситаи ашхос ва гурӯҳҳои алоҳидаи хориҷӣ кишвари мо ба коми оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Дар чунин шароити ҳассоси таърихӣ давлати навтаъсиси тоҷикон ва миллати фарҳангсолори тоҷик дар чорсӯйи тақдир дар ҳолати яъсу навмедӣ қарор гирифта, роҳу равиши минбаъда ва дурнамои пешрафташ зери суол қарор гирифт.

 

Вазъияти баамаломада зарурати оҷилан  андешидани тадбирҳои заруриро ҷиҳати хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ,  сарҷамъии миллат, таъмини оромию субот ва ба сӯйи ҳаёти муътадил раҳнамун кардани мардуми тоҷик тақозо менамуд. Дар чунин шароити ҳассоси таърихӣ баргузории Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд заминаҳои хеле мусоиди ҳуқуқиву сиёсиро барои ба вуқӯъ пайвастани дигаргуниҳои азим дар ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон асос гузошт.

 

Ин иҷлосия дар қалби ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ шуълаи умедро ба сӯйи фардои дурахшони давлатдории миллӣ, таъмини рӯзгори босаодату пурнишоти мардуми кишвар фурӯзон намуд. Бузургтарин дастоварди ин иҷлосияи тақдирсоз он буд, ки ба бахти миллионҳо нафар тоҷикони дунё фарзанди баору номус, далеру ҷасур, покзамиру нексиришт ва дорои ифтихори баланди миллӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат ба майдон омад. Ин фарзанди фарзонаи миллат ҷон дар каф бо як далериву  ҷасорати бемисл масъулияти баланди  роҳбариро ба дӯш гирифта, ба наҷоти миллату давлати тоҷикон камари ҳиммат баст. Дар натиҷаи азму талош ва кӯшишу пайкорҳои бемисли ин шахсияти барҷастаи таърихӣ дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ алангаи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш карда шуда, хатари парокандашавии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон рафъ карда шуд.

 

Қобили қайд аст, ки Раиси Уммаи давлати Кувайт гуфтааст: «На ба ҳама сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ муяссар мешавад, ки бузургтарин неъмат-умед ва зиндагии осоиштаро дар дили мардумаш ҳифз карда, халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз завол наҷот диҳад». Ин суханҳо ба ҳамоне, ки бо кори неку мардонагиаш дар рушду шукуфоии кишвар саҳми арзанда гузоштааст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мансуб мебошад.

 

Миллати тоҷик дар симои Эмомалӣ Раҳмон-шахси хирадманду дурандеш, роҳбари оқилу тавоно, қаҳрамони асил ва Пешвои ҳақиқии хешро пайдо намуд.

 

Дар воқеъ, таърихи навини давлатдории тоҷиконро  бе заҳмату талош, хизматҳои арзандаву шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тассавур кардан имконнопазир аст.  Бояд эътироф намуд, ки ба зимма гирифтани масъулият ба кори давлатдориву давлатсозӣ дар ҷойи  хушку холӣ, бе заминаҳои муайяни устувори молиявию моддӣ, иқтисодиёти фалаҷгашта саҳлу осон набуд. Танҳо нафаре метавонист дар ин корҳо дастболо шавад, ки бо дарки баланди ҳуввияти миллӣ тамоми ҳастиву вуҷуди хешро ба миллату сарзамини хеш фидо кунад.

 

Дар заминаи қабули қарорҳои таърихию тақдирсоз, роҳандозӣ намудани ташаббусҳои созандаву сиёсати ҳадафмандона ва андешидани силсилаи тадбирҳои мақсадноки фарзанди содиқу вафодори миллат- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ пайваста, заминаҳои боэътимоду устувори бунёди аркони давлатдории миллӣ гузошта шуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон  роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягонаро пеш гирифта, дар як муддати кутоҳи таърихӣ соҳиби Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ, асъори миллӣ ва тамоми рукнҳои давлатдории миллӣ гашт. Ба шарофати дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар кишвар вусъати тоза ва бесобиқа пайдо намуданд.

 

Дар натиҷаи амалисозии сиёсати сулҳҷӯёна ва бомароми хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти  манфиатҳои миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчун қисмати ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳон имрӯз аз ҷониби давлатҳои гуногуни дунё шинохта шудааст. Тоҷикистон ба узвияти бонуфузтарин ташкилотҳои байналмилалии  сатҳи ҷаҳониву минтақавӣ пазируфта шудааст.

 

Хотиррасон бояд кард, ки аз баракати Истиқлолияти давлатӣ ва бо шарофати хизматҳои содиқона, ҷонфидоиву фаъолияти сарбаландона ва иқдому ташаббусҳои неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар роҳи ба амал баровардани ҳадафҳои стратегии Ҳукумат-дастёбӣ ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ниҳоят ҳадафи чоруми стратегӣ ин саноатикунонии кишвар қадам ба қадам гомҳои устувор гузошта шудааст ва гузошта истодаем.

 

Таъмиру сохтмон ва ба истифода додани роҳу нақбҳои нав барои раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ мусоидат намуда, имкон фароҳам овард, ки дар чор фасли сол миёни тамоми минтақаҳои кишвар рафту омади сокинони он таъмин карда шавад. Бунёди роҳҳои байналмилалӣ барои пайвастшавии бемайлони Тоҷикистон ба кишварҳои дунё ва бозори ҷаҳонӣ заминаҳои мусоид муҳайё сохт.

 

Хурсандибахш ва гувоҳи гуфтаҳои дар болозикршуда он аст, ки мардуми шарафманду куҳанбунёди тоҷик бо азму иродаи қавӣ ва сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон орзую ормони чандинсолаи худро санаи 16-уми ноябри соли 2018 бо оғоз шудани кори чархи агрегати аввали Неругоҳи барқи обии Роғун ва 9 сентябри соли 2019 агрегати дуюми он амалӣ гардид, ки ин ҳам маҳз бо талошу ғамхориҳои бевоситаи ин марди хирад, оқилу доно, меҳанпарасту инсондӯст ба кишвар ва мардум аст.

 

Месазад, ки ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи садоқату вафодорӣ ба Президент, Ватани маҳбуб, миллати тоҷик, омили муҳими иттиҳод, сарҷамъӣ ва ягонагии мардуми кишварамон таҷлил намуд.

 

Чунки таърих гувоҳ ва инсоният шоҳид аст, ки Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки киштии умеди мардуми тоҷикро ба соҳили мурод расонад.

 

Пас биёед, ҳамдиёрону дӯстони азиз, дар чунин марҳилаи ҳассоси таърихӣ бо назардошти вазъи зуд тағйирёбандаи  ҷаҳони муосир ва авзои ноороми сайёра бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ, ифтихори волои ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ атрофи сиёсати созанда, бомаром, бобарор ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, ҳамчун рамзи садоқат ба Президент ва Тоҷикистони азиз барои наслҳои оянда ва ободию пешрафт содиқонаву софдилона хизмат намоем.

 

Бори дигар дар чунин лаҳзаҳои фараҳбахш бо камоли эҳтирому сарфарозӣ таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба  Шумо фархунда гуфта, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломативу сарбаландӣ, саодатмандию пирӯзӣ ва ба Тоҷикистони азизу маҳбубамон пешрафту рушди бештарро таманно менамоем.

 

Шараф ба марди хираду бузург, ба фарзанди фарзонаи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои муаззаму бемислу монанди миллат барои фароҳам овардани шароити арзандаи зисту зиндагонӣ ва пос доштани сулҳу субот барои мову шумо!

 

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод, ҳамдиёрони азиз!