МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Корҳои кабудизоркунӣ вусъат меёбад

Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳоди раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон, ки 11 ноябри соли ҷорӣ зимни вохӯрӣ ба фаъолони шаҳр, роҳбарони корхонаю муассисаҳо доданд, дар роҳраву кӯча ва хиёбони маркази шаҳри Норак зиёда аз 40 ҳазор бех гулҳои гуногуни мавсимӣ шинонида шуд.

 

Ин иқдом аз ҷониби корхонаю муассисаҳо ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта истодааст.