МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

Маълумотнома оид ба таҷлили Рӯзи байналмилалии Оила

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии Оила дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Норак бо иштироки васеи аҳолӣ, аз ҷумла кормандони шуъбаю бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроия, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр, занони собиқадору роҳбар, кормандони НБО-и Нораку Бойғозӣ, ҳунармандони шаҳр ҷамъомади хотирмон баргузор гардид.

 

Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби  ҳунармандон  ва кормандони Осорхонаи ба номи «Дӯстии халқҳо»-и шаҳр  дар як гӯшаи боғ намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сўзанию гулдӯзӣ, попурию қароқӣ, ресандагию бофандагӣ, намунаи либосҳои гуногуни  минтақаҳои Тоҷикистон, чӯбтарошӣ ва ғайра ба намоиш гузошта шуда, тамошобинон ба ҳунари ҳунармандон баҳои арзанда доданд.

 

Дар қисмати расмии чорабинии оилаҳои намунавии собиқадору ҷавон аз ҳудуди ҷамоатҳои деҳот ва минтақаҳои манзилӣ ба ҳозирон муаррифӣ гардида, оилаҳои  собиқадор аз ҳаёти оилавӣ вобаста ба пойдории оила, тарбияи фарзандон, гиромӣ доштани расму оинҳои мардумӣ, софдилона ба ҷомеа хизмат намудан ибрози назар намуда, насли ҷавонро ба ҳурмату эҳтироми якдигар, калонсолон, падару модарон, инчунин пос доштану гиромӣ доштани забон, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, ваҳдату якдилӣ даъват намуданд.

Каримов Раҷабалӣ зимни суханронӣ зикр намуд, ки айни замон 2 нафар фарзандаш дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи шаҳрвандии хешро дар назди Ватан-Модар бо сарбаландӣ адо намуда истодаанд.

Муовини раиси шаҳр Ҳасанзода Шаҳло ва собиқадори САҲШ Сафарзода Сабзигул ҳозиронро бо Рӯзи байналмилалии Оила табрик намуда, ба оилаҳои намунавӣ туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи рангини ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр пешкаши ҳозирон гардонида шуд.