МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

Рӯзи ҷавонон

Маълумотнома оид ба баргузории  вохўрӣ дар доираи  чорабиниҳо бахшида ба Рўзи ҷавонон  санаи 14 майи соли 2019 дар китобхонаи марказӣ

         Бо ташаббуси  бахшҳои  кор  бо ҷавонон ва варзиш,  фарҳанг  дар доираи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили  Рӯзи ҷавонон бо иштироки кормандони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, зиёда аз 50 нафар ҷавонон ва кормандони  бахши фарҳанг  ва волонтёрон дар китобхонаи марказии шаҳр ба номи «Дӯстии халқҳо» чорабинӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ мудири бахши  кор бо ҷавонон  ва варзиш Ҳусензода Фариддун  ва  мудири бахши фарҳанг  Раҷабов Фариддун  оид ба дастгириҳои  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  алалхусус  Пешвои  миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар  самти  пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон,  пешгирии   шомилшавӣ ба  ҳизбу  ҳаракатҳои  ифротӣ,  ҷинояту ҷинояткорӣ суханронӣ намуданд.

Дар рафти  маҳфил аз ҷониби  волонтёрони  бахши  кор бо ҷавонон   ва варзиш  дар  васфи  хизматҳои шоёни  Асосгузори  сулҳу ваҳдати  миллӣ- Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  шеърҳову   маърўзаҳо қироат  гардиданд.