МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

28-умин солгарди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Март 2021
Норак

АЗ ИЗҲОРОТИ АҲМАДЗИЁ СИРОҶ НАҲЗАТ БА ДАҲШАТ ОМАД

Аҳмадзиё Сироҷ эълон кард, ки дар шимоли Афғонистон дастаҳои ҷангии ташкилоти террористи Ҳизби наҳзати исломӣ мавҷуданд ва даст ба террору куштор мезананд. Ба қавли раҳбари ниҳоди амниятии ҶИА, дастаҳои террористии наҳзатӣ дар қатори гуруҳҳои дигари террористов мақсади аз шимоли Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин интиқол додани вазъияти ноорому ҷанги.

Раҳбари ниҳоди амниятии ҶИА аз фаъолияти созмони террористии «Ансоруллоҳ», ки қисми таркибии ТТЭ ҲНИ аст, низ ёдовар шудааст, ки бесабаб нест. Зеро дар моҳи ноябри соли гузашта ҷангиёни созмони наҳзатии «Ансоруллоҳ» ба минтақаи Моимайи Дарвози Афионистон ҳуҷум карда, шумораи зиёди кормандони пулиси он ҷоро ваҳшиёна қатл карда буданд.

Маълум аст, ки раҳбарияти мақомоти амниятии Афғонистон баъди гирифтани маълумоти тасдиқшуда дар хусуси мавҷудияти террористони наҳзатӣ ин изҳоротро додааст. Мақсад аз ин амал ба роҳ мондану тақвият додани муборизаи дастаҷамъонаи кишварҳои минтақа бар зидди терроризм мебошади. Конфронси мазкур дар Кобул танҳо ба амин хотир доир карда шудааст. Дар ҳамдастии кишваро ва фаъолияти муназзаму ҳамоҳанг метавонад терроризми байналмилалиро, ки ТТЭ ҲНИ як ҷузъи он аст, дар минтақаи мо хунсо намояд.

Ташкилоти террористии наҳзатӣ ҳануз аз аввали фаъолияташ дар солҳои навадум усули зуроварию террорро истифода мекард. Куштори шумораи зиёди шаҳрвандонамон, аз ҷумла, олимону журналистон ва низомиён аз суи наҳзат исботи ин гуфтаҳост.

Ҷиноятҳою кушторҳои наҳзатӣ ҳануз дар солҳои навадум тасдиқ шуда буд. Дар соли 1993 зимни яке аз мусоҳибаҳои худ бо журналистони хориҷӣ Сарвари давлат иброз дошта буданд, ки ТТЭ ҲНИ на ҳизб, балки як гуруҳи ҷангӣ аст. Зеро дар шаҳодатномаҳои аъзоёнаш навишта шудааст, ки онҳо иҷозати бо худ доштани яроқ ва истифодаи онро доранд.

Ғайр аз ин, Аёмиддин Сатторов, ки яке аз раҳбарони собиқи ТТЭ ҲНИ аст, дар филми мустанади «Хиёнат» ба таври ошкоро хунхорию ҷангҷӯии наҳзатро фош кардааст. Аз ҷумла вай сухани раҳбари ТТЭ ҲНИ-ро меорад, ки гуфтааст: «Агар ба таври осоишта натавонистем, ҳукуматро бо зуроварӣ ва истифодаи ҷангиёнамон ғасб мекунем». 

Хулоса изҳороти Аҳмадзиё Сироҷ оид ба ТТЭ ҲНИ воқеият буда, раҳбарони ин созмони террористиро ба даҳшат овардааст. Зеро бори дигар чеҳраи аслии онҳо ва ҳадафҳои нопокашон ошкор гардид.

 

Мирзоев Шабиб,

устоди ДМТ