МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

28-умин солгарди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Март 2021
Норак

Табрикоти раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ба муносибати таҷлили 28-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Собиқадорони муҳтарам! Афсарону аскарони гиромӣ!


Артиш ё худ Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол пояи устувор, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардуми он сарзамин ба ҳисоб меравад. Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар соҳаҳо ба тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар ва азнавсозии Қувваҳои Мусаллаҳ аҳамияти хосса зоҳир намуда, ҳамасола санаи 23 феврал Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил менамояд. Ба ин муносибат кулли мардуми сарбаланди диёрамонро самимона табрику таҳният мегӯям.


Роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали бунёди Артиши миллӣ, новобаста аз вазъи номусоиди ҳарбиву сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар, ба сохтори ташкиливу штатӣ, таъминоти моддиву техникӣ ва пуррагардонии сафҳои Артиш бо афсарони касбиву мутахассисони варзидаи низомӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамуданд.


Илова бар ин, аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Артиши миллӣ инҷониб, ба масъалаҳои бунёду таҷҳизонидани қисмҳои ҳарбӣ, ташкили навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, пурра намудани он бо ҳайати шахсӣ ва беҳбудии омодагии ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷониби давлату ҳукумати ҷумҳурӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шуда истодааст.
Дар ҳақиқат, Қувваҳои Мусаллаҳ дар 28 соли таъсисёбӣ аз имтиҳону озмоишҳои сахту сангин гузаштаву ба як сохтори муташаккилу боэътимод ва неруи пурқудрати ҳимоятгари давлат ва халқи Тоҷикистон табдил ёфтааст.


Ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори муқовимати мусаллаҳонаи дохилӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ қарзи фарзандии худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон содиқона иҷро карда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, яъне қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмини сулҳу субот ва мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд.


Бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон барқарор гардида, заминаҳои мусоиди сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва фароҳам овардани шароит барои рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт гузошта шуд.


Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ ва ифтихор борҳо изҳор намуданд, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо сари баланд гузаштанд ва рисолати касбиву ҳифзи шаҳрвандии худро бошарафона адо намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ ба зиммаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор гардидааст.


Мавриди зикр аст, ки Артиши миллии кишвар бисёр ҷавон бошад ҳам, лекин дар ин муддати кӯтоҳ он имрӯз ба як неруи бузурги ҷангӣ табдил ёфта, қодир аст, ки дастоварду манфиатҳои давлати тозаистиқлол, сохти конститутсионӣ ва ҳаёти осоиштаи мардумро ҳимоя ва таъмин намояд.


Бояд қайд намуд, ки бо мақсади ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба иҷрои уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбии шаҳрвандон 29 январи соли 2021, таҳти №1753 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар таҳрири нав қабул гардид.


Итминони комил дорам, ки бо қабул гардидани қонуни болозикр сатҳу сифати хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба кулли тағйир хоҳад ёфт.

Мавриди зикр аст, ки дар тамоми давру замон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, амният ва иқтидори мудофиавии он барои ҷавонони Норакшаҳр дар мадди назар қарор дошта, диловарони мо дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, адои хизмат дар қаламрави Ҷумҳурии исломии Афғонистон, бартараф намудани оқибатҳои садамаи атомии Чернобил дар назди Ватан-Модар қарзи фарзандиро бо сарбаландӣ адо намуда, намунаи беҳтарини ҷавонмардию далерӣ нишон доданд.


Боиси ифтихор аст, ки дарки баланди меҳанпарастӣ дар байни ҷавонони мо зиёд шуда, сол аз сол шумораи ихтиёриён меафзояд. Гувоҳи гуфтаҳо ин аст, ки Комиссариати ҳарбии шаҳр соли 2020 даъвати баҳорӣ ва тирамоҳии сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рӯзи аввал ва бо сифати баланд таъмин намуд.


Ба ҳамаи он падару модароне, ки дар рӯҳияи дӯст доштани ин марзу бум, ҳимояи манфиатҳои миллӣ фарзандонро тарбия намудаанду ҷавонмардони ватандӯст имрӯз дар ҷузъу томҳои ҳарбӣ сарбаландона уҳдадории конститутсионии худро адо намуда истодаанд, изҳори миннатдорӣ менамоям.
Боварии комил дорам, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қушунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ хизмати ҳарбиро иҷро менамоянд.


Ҳамаи мо огоҳӣ дорем, ки соли 2021 барои тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистон ва халқи тоҷик соли таърихӣ ба ҳисоб меравад. Зеро таҷлили ҷашни муқаддаси миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин сол ба нақша гирифта шудааст.


Дар шаҳри Норак низ ба истиқболи ин санаи таърихӣ нақшаҳои зиёди созандагию бунёдкорӣ, ободонию кабудизоркунӣ роҳандозӣ гардидааст. Итминони комил дорам, ки ҳар кадоми мо баҳри амалӣ намудани ин нақшаву ниятҳои созанда тамоми кӯшишу ғайрати хешро равона хоҳем намуд.


Дар фарҷоми сухан бори дигар тамоми афсарону аскаронро ба ифтихори бисту ҳаштсолагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ табрик гуфта, барои афсарону аскарон дар ҳифзи Ватани соҳибистиқлоламон рӯҳи шикастнопазир ва иродаи қавӣ орзумандам.


Бисту ҳаштумин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муборак бод!