МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Сентябр 2021
Норак

Конференсияи илмӣ- амалӣ

Дар асоси нақшаи фаъолияти Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар соли 2021, имрӯз 17 июн дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак конференсияи илмӣ- амалӣ бо мақсади тарғибу ташвиқи сулҳу ваҳдати миллӣ ва нақши Президент ҳамчун кафили сулҳу ваҳдат доир гардид.


Дар корӣ конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи "Президент- кафили сулҳу ваҳдат", раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Рудобаи Мукаррам, узви Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - доктори илмҳои филологӣ, профессор Марҳабо Ҷабборӣ ва доктори илмҳои фалсафа, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Олимов иштирок ва суханронӣ намуданд.