МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Сентябр 2021
Норак

Иҷлосияи хаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак, даъвати шашум

Имрӯз бо иштироки раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак, раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иҷлосияи хаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак, даъвати шашум баргузор гардид.


Аз рӯи рузномаи иҷлосия масъалахои зерин, аз қабили ҳисоботи сартабиби беморхонаи марказии шаҳри Норак дар бораи вазъи пешгирӣ аз паҳншавии сирояти нави коронавируси Covid-19, ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри оид ба риояи дастури Маҷлиси вакилони халқ, ҳисоботи вакилии вакили ҳавзаи интихоботии N°14 Фароғатзода Насиба, дар бораи тасдиқ намудани қарори раиси шаҳри Норак аз 30 марти соли 2021,N°124 «Дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 24 феврали соли 2021, N°43 «Доир ба рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 2 октябри соли 2020, N°264 «Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020, N°421 «Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021-2023 » ҳисобот доданд.