МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Сентябр 2021
Норак

Ҷашни рӯзи Ваҳдати миллӣ

Рӯзи 25 июни соли 2021 дар толори Қасри фарҳанг чорабинии тантанавӣ бахшида ба 24-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.


Раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод ҳозиронро ба ин рӯзи таърихӣ шодбош гуфта, аз ҷумла қайд намуданд, ки таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ, ки аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии мамлакат сарчашма мегирад, барои қатъи мухолифати мусаллаҳона ва ҷангу хунрезӣ,сарҷамъии миллати тоҷик, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва таъсиси низоми ҳуқуқии адолатпеша асоси мустаҳкам гузошт.


Маҳз ба ҳамин хотир, масъалаи ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои волои ҷомеаи мо табдил ёфта, барои мардуми шарифи Тоҷикистон қадру қимати баланд дорад.Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ба мардуми Тоҷикистон дар натиҷаи саъю талоши шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фарзандони огоҳу бедордили миллат, музокироти бисёр мушкилу тӯлонӣ ва ҳамзамон бо ин, бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони содиқу ватандӯст муяссар гардидааст.


Дар ҷамъомад намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон муҳтарам Аҳёев Шамсулло иштирок ва суханронӣ намуданд.


Дар ҷамъомади тантанавӣ ба якқатор собиқадорони меҳнат, пешқадамони истеҳсолот, ҷавонони фаъол ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуд.


Барномаи консертии кормандони бахши фарҳанги шаҳр идомабахши чорабинӣ гардид.