МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Сентябр 2021
Норак

Табрикоти раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ба муносибати таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ

Ҳамдиёрони гиромӣ!


Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо камоли эҳтиром мардуми сарбаланди шаҳр ва диёри азизамонро бо фарорасии ҷашни Ваҳдати миллӣ табрику таҳният намуда,ба ҳар як хонадон файзу баракат, ваҳдату якдилӣ ва осмони софро таманно менамояд.


Дар замони соҳибистиқлолӣ бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Ваҳдати миллӣ баъд аз ҳазорсолаҳо умри дубора ёфт.


Таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ, ки аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии мамлакат сарчашма мегирад, барои қатъи мухолифати мусаллаҳона ва ҷангу хунрезӣ,сарҷамъии миллати тоҷик, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва таъсиси низоми ҳуқуқии адолатпеша асоси мустаҳкам гузошт.


Маҳз ба ҳамин хотир, масъалаи ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои волои ҷомеаи мо табдил ёфта, барои мардуми шарифи Тоҷикистон қадру қимати баланд дорад.


Имрӯз мо бо ифтихор иброз медорем, ки ҳар як шаҳрванди бонангу номуси мамлакат барои мустаҳкам гардонидани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ҳифзи осудагии кишвар, тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ, рушду тараққиёти давлат ва ободии Ватани азизамон талош менамояд.


Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки бо гуноҳи азими роҳбарони ҳизби миллаткуш, яъне, собиқ ҳизби террористиву эктремистии наҳзат ва хоҷагони хориҷии онҳо- яъне хоинону душманони миллати тоҷик ва давлати тозаистиқлоли тоҷикон рух дод, боиси ба ҳалокат расидани беш аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон гардид.


Мақсади асосии онҳо дар Тоҷикистон бунёд намудани давлати исломӣ ва зӯран ба сари мардуми мо таҳмил кардани фарҳанги бегона буд. Ин дастаи хоинони миллат ҳатто баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ низ, ки 27-уми июни соли 1997 сурат гирифт, дар давоми чандин сол ба кирдорҳои нопоку душманонаи худ-тарконидани иншооту биноҳо, қатлу куштор ва террор идома дода, ҳатто якчанд маротиба ба табаддулоти ҳарбиву давлатӣ даст заданд. Аз ин лиҳоз, хиёнати содиркардаи роҳбарони ин ҳизби террористиро халқи тоҷик ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд.


Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ба мардуми Тоҷикистон дар натиҷаи саъю талоши шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фарзандони огоҳу бедордили миллат, музокироти бисёр мушкилу тӯлонӣ ва ҳамзамон бо ин, бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони содиқу ватандӯст муяссар гардидааст.


Ҳоло Тоҷикистони азизамон дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда қадамҳои устувор мегузорад.


Қобили зикр аст, ки сокинони кишвар, хусусан, ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон– сисолагии Истиқлолияти давлатӣ содиқонаву софдилона заҳмат мекашанд. Дар шаҳри Норак дар давраи омодагиҳо ба ҷашни миллӣ 193 иншоотҳои таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шуда, то ин давра 184 адад иншоотҳо сохта ба истифода дода шуда, бунёди иншоотҳои боқимонда бомаром идома дорад.


Месазад нақши бисёр арзишманди ҷавонони ватандӯсти Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри Норакро дар ҳимояи дастовардҳои истиқлолият, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва ободонии сарзамини аҷдодӣ махсус таъкид намуд.


Мо ифтихор мекунем, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои аҳолиаш ҷавонтарини дунё ба ҳисоб рафта, синни миёна дар он 24 солро ташкил медиҳад ва саҳми ҷавонон ҳамчун неруи созанда дар пешрафту ободонии мамлакат ниҳоят арзишманд буда, маҳз ҳисси баланди ватандӯстии ҷавонони шаҳрамон аст, ки таи солҳои охир нақшаи сафарбарсозии ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар рӯзҳои аввали даъват 100 фоиз иҷро мегардад.


Ба хотири тарбияи кадрҳои замони нав аз байни наврасону ҷавонон рушди илму маориф, бахусус, илмҳои табиӣ ва риёзӣ аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон гардид. Чунки ояндаи ободи Тоҷикистон аз рушди илмҳои зикршуда вобаста аст ва пешрафти кишвар дар дасти кадрҳои замони нав, яъне мутахассисони сатҳи баланди касбӣ мебошад.

Хотирнишон бояд кард, ки ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, густариши пайвастаи худогоҳиву худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасот ва рамзҳои давлатӣ, таърих, забон ва фарҳанги миллӣ, таблиѓи аҳамияти сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъии миллат, ваҳдати миллӣ, эҳтирому риояи Конститутсия ва қонунҳо, яъне таъмини волоияти қонун, бояд вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бонангу номус бошад.


Дар айни замон ин кори муҳим яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, соҳаҳои илму маориф ва муассисаҳои таълимӣ, падару модарон, аҳли зиё, фаъолон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.


Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи истиқлолияти миллии халқи тоҷик сухан ронда чунин гуфтааст: “Имрӯз ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ дар ҳамон ҳолат тинҷу осуда ва сарбаландона зиста метавонанд, ки истиқлолияти Ҷумҳурӣ ва шарафи миллатро ҳифз намоянд. Анъанаҳои неки башардӯстонаи аҷдодонро идома диҳанд. Ва ҳамагон бояд фахр кунем, ки мардуми тоҷикро оинаи таърих ҳамеша бо хислатҳои нек, фазилату дурандешӣ, хайрхоҳӣ ва тарѓибгари дӯстию рафоқат нишон додааст”.


Мардуми мо, аз ҷумла, наврасону ҷавонон, ки насли ояндасози кишвар мебошанд, ҳамеша бояд дар ёд дошта бошанд, ки баъзе хоинони миллату давлати тоҷикон ва хоҷагони хориҷии онҳо то ҳанӯз аз ниятҳои душманонаашон даст накашидаанд.


Терроризму экстремизм, радикализми динӣ ва хурофотпарастӣ хатарҳои асосӣ барои имрӯзу ояндаи минтақа, аз ҷумла Тоҷикистони азизи мо мебошад.


Дар чунин шароит табиист, ки аҳамият ва нақши худшиносии миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии аҳли ҷомеа ва манфиатҳои давлату миллат беш аз ҳар вақти дигар меафзояд.


Бо истифода аз фурсати муносиб шумо - мардуми сарбаланди диёрро бо фарорасии ҷашни Ваҳдати миллӣ самимона табрику таҳният намуда, ба ҳар як хонадон файзу баракат, ваҳдату якдилӣ ва осмони софро таманно менамоям.


Ҷашни ваҳдати миллӣ муборак ҳамдиёрони азиз!