МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Сентябр 2021
Норак

Мақсад: пешгирии бемории сироятӣ

Имрӯз 1 июли соли 2021 дар толори хурди маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Ситоди шаҳрӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ баргузор гардид.


Раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод аъзои ситод, фаъолони шаҳр ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳоро вазифадор намуд, ки дар ҳудуди шаҳр корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирии бемории сироятӣ боз ҳам пурзӯр намоянд.


Бо пешниҳоди Ситоди шаҳрӣ ба беморхонаи марказӣ барои дастрас намудани сару либоси тиббӣ ва маводҳои доруворӣ ба мақомоти иҷроияи шаҳр дастур дода шуд.