МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Сентябр 2021
Норак

Минатдории раиси шаҳр

Раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ба сардорони ҶСК "ЗТМ" ва ҶСК "ЗТТМ" Азимов Хуҷамурод ва Раҳимов Нуриддин барои аз ибтидои соли 2020 то имрӯз ба беморхонаи марказӣ ба тариқи ройгон ҳамарӯза расонидани кислород барои беморон изҳори сипос ва минатдорӣ намуд.


Қайд гардид, ки дар шаҳр сафи чунин роҳбарони хайрхоҳу ватандӯст рӯз то рӯз зиёд гашта, корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза гирифта истодааст.