МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Август 2021
Норак

Паёми табрикии раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ба муносибати иди Қурбон рӯзи 20 июли соли 2021

Ҳамдиёрони азиз!

Иди Қурбон яке аз санаҳои фархунда дар дини мубини Ислом ва суннатҳои некуписандидаи тамоми мусулмонони ҷаҳон ба шумор меравад.


Ба ин муносибат, тамоми мардуми шарифи Норакшаҳрро самимона табрик намуда, бароятон тандурустиву сарбаландӣ, файзу баракат ва рӯзгори некро орзумандам.


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои табрикии худ ба муносибати иди Қурбон таъкид карда буданд, ки воқеан мӯъминон дар ин рӯзи шариф ба даргоҳи Худои таоллоҳ ба садоқату фидокорӣ ва ибодату парҳезкорӣ барои покизагӣ ва назофати ҷисму руҳ муноҷот менамоянд, зеро моҳияти аслии Иди Қурбон «Наздикӣ ҷустан ба Зоти беҳамто ва якто» мебошад. Яке аз беҳтарин фазилатҳои Иди Қурбон дастгирии ятимону маъюбон, беморону пиронсолон, поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешу таборон, ҳамдардӣ ба азодорон ва хайру некӣ намудан ба дармондагону ниёзмандон аст.


Анҷом додани маросими Ҳаҷ дар арафаи иди Қурбон яке аз биноҳои асосии дини мубини ислом буда, рӯзи ид-рӯзи имтиҳону озмоиш барои инсонҳост, ки муҳаббату садоқати худро нисбат ба Худои таъолло баён мекунанд.


Чуноне ки паёмбарамон Муҳаммад (с) дар ҳадиси худ фармудаанд: «Дар навбати аввал Оллоҳ аз миёни амалҳои инсон рафтори ҳамида ва саховатмандиро дар тарозу мегузорад».

Сарватмандон набояд фаромӯш кунанд, ки молу сарвати онҳо ба хотири лутфу марҳамати Парвардигор аст ва ӯст, ки ин имкониятро дар ихтиёри онҳо қарор додааст. Пас бояд қадри ин неъматҳои илоҳиро бидонем ва шукрона ба ҷо оварда, дастуроти Парвардигорро дар ин замина пайравӣ намоем ва сармояҳову дороиҳои худро, ки дар ҳақиқат атои ӯст, дар ҷои муносиб истифода намоем.


Ҳар сарватманде, ки ба шахсони камбизоат ёрии моддиву молӣ мерасонад, пеш аз ҳама ризои Худовандро ба даст меорад ва як зина ба сӯи камолоти маънавӣ боло меравад.
Бо назардошти ин, дар шаҳри Норак дар арафаи иду айём дастгирии моддӣ ва кӯмак ба эҳтиёҷмандон ба ҳукми анъанаи нек даромадааст. Зикр кардан бамаврид аст, ки соли ҷорӣ бо дастгирии мақомоти иҷроия, корхонаву муассисаҳо, шахсони саховатпеша ва иттиҳодияҳои динӣ ба ятимону бепарасторон, оилаҳои камбизоат ва маъюбон дар арафаи иди Рамазон ба маблағи 862590 сомонӣ кӯмаки моддию молиявӣ расонида шуд. Савоби кори нек баробар бо савоби як моҳ намоз гузоридан дар масҷид аст. Ҳар як шахсе,ки ба кӯмаки дӯсти худ шитобад, заифон, мискинон, бевазанҳо, ятимон ва барҷомондагонро дастгирӣ намояд, ин савобро ҳосил мекунад.

 

Мо бояд дар ин рӯзи муборак низ сарфаю сариштакор бошем, ба намоишкориву исрофкорӣ роҳ надиҳем ва барои оростани дастархони маънавӣ, яъне некиву накукорӣ, панду насиҳати наврасону ҷавонон ва дароз кардани дасти кӯмак ба ятимону маъюбон, пирону ранҷурон, ниёзмандону оилаҳои камбизоат ва анҷом додани дигар амалҳои хайр саъю кӯшиш намоем. Дар фароварди сухан мехоҳам гуфтаҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро боз ба ёд биорам. «Худои таоло ва Расули Акрам ба мӯъминон ба обилаи дасти худ меҳнат карда, нони ҳалол хӯрданро борҳо таъкид кардаанд. Аз ҷумла, ҳазрати Муҳаммад (с) дар яке аз ҳадисҳои худ мефармояд: «Ҳеҷ кас беҳтар таоме нахӯрда, ки аз меҳнати худи ӯ бошад».


Пас биёед ҳама аз пайи меҳнати ҳалол ва дар фикри ободии Ватан бошем.


Бо нияту орзуҳои нек ва саодати рӯзгор ҳамаи мардуми шаҳри Норакро бо фарорасии иди Қурбон табрик гуфта, бароятон саодати рӯзгор, хушбахтиву некрӯзӣ, фаровонӣ ва файзу баракатро таманно менамоям.


Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!