МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Декабр 2021
Норак

Тантанаҳои ҷашнӣ дар шаҳри Норак

Бахшида ба ҷашни миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.


Дар ҷамъомад раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод баромад намуда, ҳозиронро бо 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд.
Сипас намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак раиси Суди Олӣ муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён суханронӣ намуданд.


Дар охир ба як қатор хизматчиёни давлатӣ, роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва коргарон дар вазъияти тантанавӣ мукофотҳои давлатӣ, ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Норак супорида шуд.