МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Август 2022
Норак

Табрикоти раиси шаҳри Норак бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи таъсисиёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Афсарону аскарони шуҷои Ватан!


Бо қаноатмандиву сипос хотирнишон месозам, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳимояи истиқлолу озодии Ватан ва дастовардҳои таърихии он - сулҳу оромӣ, субботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон, ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ, таъмини амнияти давлат ва осоиши ҷомеа саҳми басо арзишманд доранд.


Мо ифтихор дорем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат яке аз шоҳсутунҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба шумор меравад.


Боиси қайд аст, ки имсол аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зодаи даврони истиқлолият аст, 29 сол пур шуда, ба муносибати ин санаи таърихию тақдирсоз ҳамаи шумо, алалхусус афсарону аскарон, кормандони Комиссариати ҳарбӣ, амният, шуъбаи корҳои дохилӣ, ҳолатҳои фавқулодда, мудофиаи гражданӣ, собиқадорони артиш, инчунин тамоми мардуми шаҳрро самимона табрику муборакбод намуда, бароятон саломатию сарбаландӣ, рӯзгори осуда ва ба хонадони Шумо файзу баракат хоҳонам.

 

Мардуми шарифи Тоҷикистон хизматҳои таърихии фарзандони далеру шуҷои худро ҳамеша пос медоранд ва хотираи ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу суббот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осудаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳаргиз фаромӯш намекунанд.
Имрӯз дилпурона изҳор менамоем, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мо, ки дар тӯли таърих аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сангину мураккаб сарбаландона гузаштаанд, рисолати касбӣ ва қарзи ватандӯстонаву шаҳрвандии худро минбаъд низ бошарафона иҷро мекунанд.

 

Набояд фаромӯш сохт, ки дар барқарорсозии Қувваҳои Мусаллаҳ ва таъмини сулҳу суббот саҳми бевоситаи Пешвои миллат басо назаррас аст.


Сарфи назар аз он ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ё худ муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Қувваҳои Мусаллаҳ ба кори худ шурӯъ намуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт, яъне ташкили артиши миллии мо дар ҷойи холӣ, аз сифр оғоз ёфтааст. 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд.


ҳамин тариқ, 23 феврали соли 1994 дар солгарди нахустини Артиши миллӣ паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсиёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар, беҳтар кардани шароити хизмат, вазъи моддию маишии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ намуда, онро таҳти назорати доимии худ қарор дода, борҳо иброз намудаанд, ки Артиш – симои миллат ва бақои умри давлат аст.


Устувор шудани Истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, нигоҳ доштани пояҳои давлату давлатдорӣ аз бисёр ҷиҳат ба хизмати содиқонаи афсарону аскарон вобаста аст. Дар ҳақиқат, имрӯзҳо ҳар яки мову шумо таҳти ҳимояи сарбозони Артиши миллии ҷумҳурӣ қарор ёфта, дар хоки Ватан бе ягон хавфу хатар, дар фазои осоишта кору зиндагӣ намуда истодаем. Аз ин лиҳоз, ҳар кадоми мо вазифадорем, ки торафт баҳри зебо гардонидани кишвари соҳибистиқлолу озодамон саҳми арзанда гузорем.
Хотирнишон месозам, ки беш аз 80%-и хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ин нишондиҳанда далели он аст, ки давлату ҳукумати кишвар ба ҷавонон эътимоди бузурге доранд.

 

Имрӯз хуб мушоҳида гардида истодааст, ки аз ҷониби неруҳои муайян дар минтақа ва ҷаҳон бо истифода аз роҳу воситаҳои харобиовар, аз ҷумла тавассути анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ ва тақвият бахшидани фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятпешаи трансмиллӣ, инчунин бо роҳи тавсеаи муборизаҳои иттилоотӣ кӯшиши дахолат намудан ба корҳои дохилии давлатҳои мустақил рӯз ба рӯз густариш ёфта истодааст.


Дар чунин шароит масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ ва суботу оромии ҷомеа аҳамияти муҳим дошта, ҳамаи кормандони сохторҳои мақомоти давлатӣ, алалхусус Қувваҳои мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷавононро водор месозад, ки масъулиятшинос ва ҳушёру зирак бошанд.


Хизмат ба Ватан шарафи бузург ва дар айни замон вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони бонангу номус мебошад. ҳар як хизматчии ҳарбӣ бояд хуб дарк намояд, ки ватандӯстӣ ин арзи садоқат ба Ватан-Модар ва халқу давлати соҳибистиқлоли худ буда, дар пос доштани арзишҳои миллӣ ва аз тамоми манфиатҳо боло гузоштани манфиати давлату халқ зоҳир мегардад.

 

Дарки эҳсоси баланди ватандӯстӣ, масъулияти меҳанпарастӣ, адо намудани қарзи муқаддаси ҳифзи марзу буми сарзамин дар ҳама давру замон дар миёни ҷавонони банангу номуси Норакшаҳр дар мадди аввал қарор дошт. Имрӯзҳо дар сафи Артиши миллӣ ҷавонони мо ба монанди бобоёну падарон-қаҳрамонони ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҷанговарони башардӯст ва бартарафкунандагони оқибати садамаи атомии Чернобел софдилонаву содиқона ба Ватан-модар хизмат намуда истодаанд.


Саҳми падару модарон, омӯзгорон ва дар маҷмӯъ ҳар фарди солимфикри ҷомеа барои тарбияи насли наврас дар ҳифзи марзу буми кишвар, худшиносиву худогоҳӣ, арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ ва дӯст доштани Тоҷикистони азиз беандоза калон мебошад.

 

Мавриди қайд аст, ки сол аз сол дар шаҳр сафи ҷавононе, ки ихтиёрӣ хоҳиши дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намудан доранд, зиёд шуда истодааст.
Итминон дорам, ки афсарону сарбозони шуҷои қисмҳои низомии ҳудуди шаҳр ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан-модар ва халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ сафарбар менамоянд.
Бори дигар ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азизро ба ифтихори 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари азизамон табрик намуда, ба ҳар яки Шумо тансиҳативу хушбахтӣ, азму иродаи қавӣ ва дар роҳи ҳифзи ватани аҷдодӣ барори кор орзумандам.


Бигзор дар сарзамини соҳибистиқлоли мо сулҳу ваҳдат ҳамеша пойдор бошад ва мо тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона намоем, ки ин неъмати бебаҳо ба хотири ояндаи неки кишварамон устувору ҷовидонӣ асрҳои аср боқӣ монад.


ҷашни 29-умин солгарди таъсиёбии Қувваҳои Мусаллаҳ муборак бошад, ҳамватанони азиз!