МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

24 ноябр дар шаҳри Нурофарон-Норак Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ, давлатдории миллӣ, ки боиси ифтихору сарбаландии хурду бузурги мамлакат аст, таҷлил гардид. Дар ин рӯзи муқаддас сокинони шаҳри Норак, кормандони ташкилоту муассисаҳо, муассилини муассисаҳои таълимӣ дар даст Парчами миллӣ, бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ, соҳибистиқлолӣ, ки ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллӣ мебошад, роҳпаймоӣ намуданд. Баъди роҳпаймоӣ ҷамъомади бошукӯҳи идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри фарҳанги шаҳр бо баровардани Парчами давлатӣ ва садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Норак Қурбонзода Ҳилобӣ Ҷумъахон дар ҷамъомади тантанавӣ баромад намуда, доир ба таърихи парчамдории миллати куҳанбунёди тоҷик ва Парчами давлатии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, ки ҷавонмардони ғаюру далери он зери Парчами давлатӣ ва роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳам омаданду ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, ба кишвар сулҳу оромӣ ва ба сокинони мамлакат осоишро фароҳам оварданд, суханронӣ намуда, аҳли толор ва дар шахсияти онҳо тамоми мардуми шарифи шаҳри Норакро ба 27-умин солгарди рӯзи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, баҳрашон тансиҳатӣ, рӯзгори осуда ва дар ҷодаи фаъолияту зиндагӣ фатҳу зафарро таманно намуданд.

 

Сипас санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр бо барномаи идонаи консертӣ, ки таранумгари ифтихори Ватандорӣ, амнияту осоиштагӣ, ва хушбахтии мардуми сарзамини Тоҷикистон аз муқаддасоти миллӣ, алалхусус, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, дар сатҳи баланди оммавию сиёсӣ баргузор намуданд.