МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Август 2022
Норак

Таҷлили 29-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар толори Қасри фарҳанги шаҳр бахшида ба 29-умин солгарди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолони шаҳру деҳот ва афсарону сарбозони қисмҳои низомии дар шаҳр фаъолиятдошта чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.


Раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод санаи фархундаро ба ҳомиёни Ватан муборакбод намуда, дар роҳи пуршарафу боифтихор-хизмат ба Ватан ва ҳимояи марзу бум ба онҳо барори кору зиракии сиёсиро таманно намуд.


Дар рафти чорабинӣ роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва якқатор фаъолон қадрдонӣ гардиданд. Дар охир барномаи консертии кормандони бахши фарҳанг пешкаши ҳозирон гардонида шуд.