МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Август 2022
Норак

Ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар

4 марти соли 2022 дар Қасри фарҳанг ба муносибати Рӯзи Модар чорабинии тантанавии идона баргузор гардид. Раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод зимни иштирок дар чорабинӣ занону бонувонро ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи Модар табрик гуфта, барояшон иқболи некӯ, толеи баланд ва рӯзгори ободу осуда орзу намуд.

 

Таъкид карда шуд, ки Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат, нерӯбахши рӯҳу ҷон, азизу меҳрубон, дастгиру нигаҳбон, роҳбару мададрасон, дуогӯи ҷон, дили пурмеҳр дорад, ки чу офтоб меҳраш ба фарзанд қуввату дармон, меҳру вафо мебахшад.


Дар сатҳи давлатӣ ва ботантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расондани фарзандон, омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.


Дар охир ба якқатор фаъолзанони шаҳр ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва тӯҳфаҳо супорида шуданд. Сипас барномаи ҷолиби консертӣ аз ҷониби аҳли фарҳанг пешкаши иштирокчиёни чорабинӣ гардонда шуд.