МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи байналмиллалии маъюбон

Санаи 3 декабри соли 2019 дар шаҳри Норак Рўзи байналмилалии маъюбон ҷашн гирифта шуд. Дар чорабинии мазкур иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Норак муҳтарам Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон иштирок ва суханронӣ намуда, ҳозирин ва кормандону тарбиятгирандагони марказро ба Рўзи байналмиллалии маъюбон табрику муборакбод намуданд. 
Зимни баромад қайд карданд, ки дар асоси резолютсияи 47/3-и Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид аз 14 октябри соли 1992 3-юми декабр ҳамчун Рўзи байналмилалии маъюбон эълон гардидааст.
Дар ҳақиқат, дар миқёси сайёра миллионҳо одамон бар асари модарзодӣ ва ё дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуш гурўҳҳои гуногуни маъюбӣ дошта, аз иштироки фаъолона дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию адабӣ, варзишии ҷомеа дар канор монда, ба ғамхории махсус эҳтиёҷ доранд.
Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар ҷумҳурии мо низ бо мақсади ҳифзу ҳимоя намудани ҳуқуқҳои маъюбон ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъалаи маъюбӣ ҳамасола дар ин рўз чорабиниҳои гуногун роҳандозӣ мегардад.
Рўзи байналмилалии маъюбон соли ҷорӣ таҳти шиори «Таъмини иштироки фаъоли маъюбон дар ҳаёти ҷомеа-баамалбарории вазифаи рўзмарра дар доираи рушди устувор барои давраи то соли 2030» қайд гардида истодааст.
Мавриди зикр аст, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар ҳаққи маъюбон ғамхории махсус зоҳир намуда, дар Паёми навбатии хеш Пешвои муаззами миллат таъкид намуда буданд: «Мо дар оянда низ ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гурўҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахўрону собиқадорон аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини худ мешуморем».
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак низ ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии маъюбон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Айни замон дар ҳудуди шаҳр ва қаламрави ҷамоатҳои деҳоти Дўкониву Пули Сангин зиёда аз 1100 нафар маъюбони гурўҳҳои гуногун, аз ҷумла 224 нафар маъюби синни то 18-сола умр ба сар мебаранд. Мунтазам ба онҳо кумакҳои моливу пулӣ расонида шуда, давоми соли равон 3 нафар бо аудиограмма, 9 нафар бо аробачаи дастии идорашаванда, ки аз инҳо 8 нафар маъюбони синни то 18-сола мебошанд, 8 нафар бо асочаи хурд, 24 нафар бо асобағал таъмин гардиданд.
Боиси қайд аст, ки дар шаҳр Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ барои кўдакони имконияташон маҳдуди дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта фаъолият менамояд.
Дар Марказ 100 нафар ба қайд гирифта шуда, ба маъюбон хизматрасонии иҷтимоӣ, педагогӣ, равонӣ, тандармонӣ, тиббӣ, ҳуқуқӣ расонида мешавад. Аз шумораи умумии маъюбони 40 нафар аз соати 8 то 15 ба будубош фаро гирифта шуда, ба 30 нафар хизматрасонӣ дар хона ва ба 30 нафари дигар кумакҳои машваратӣ расонида мешавад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак кўшиш менамояд, ки минбаъд низ дар ҳаққи ин табақаи махсуси ҷомеа ғамхорӣ зоҳир намояд.
Бо ташаббус ва дастгирии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Норак муҳтарам Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон ба кўдакони маъюб дар ин рўз туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. 
Сипас аз тарафи кормандон ва тарбиятгирандагони маркази мазкур барномаи ҷолиби консертӣ манзури ҳозирин гардонида шуд. 
ҳамчунин, Барномаи консертии санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр таъби кормандон, тарбиятгирандагон ва ҳозиринро болида гардонид.