МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Август 2022
Норак

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба гусели наваскарон

Имрӯз, 1 апрел дар саҳни Қасри фарҳанг бо иштироки раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарони корхонаю муассисаҳо чорабинии бошукӯҳи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи даъватшаванда хизмати ҳарбӣ даъвати баҳорӣ баргузор гардид.


Раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод зимни суханронӣ ба наваскарон барои хизмати хубу софдилона ба Модар-Ватан барору комёбӣ таманно намуданд.


Таъкид гардид, ки дар заминаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол шароити хизмат дар қисмҳои ҳарбии мамлакат беҳтару хубтар мегардад.


Дар маросими гусел падару модарони наваскарон, ҷанговарони башардӯст, собиқадорони меҳнат иштирок ва суханронӣ намуданд.


Ҷавононе, ки барои адои хизмати Модар-Ватан дар даъвати баҳорӣ ихтиёран ба Комиссариати ҳарбии шаҳр омада буданд, онҳо бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ба курсҳои кутоҳмуддати омӯзиши ронандагӣ фарогирифта шуда буданд.


Маврид ба таъкид аст, ки дар шаҳри Норак ҷиҳати дар руҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон хоса насли ояндасози мамлакат чорабиниҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ доир карда мешавад.


Дар ҷамъбаст барои болидаруҳӣ аз ҷониби аҳли фарҳанги шаҳри Норак барномаи рангини консертӣ иборат аз суруду таронаҳои ватандӯстона пешниҳоди иштирокдорон гардид.