МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Август 2022
Норак

Вохӯрии раиси Суди Олӣ бо сокинон ва аҳли ҷамоатчигии ҷамоати деҳоти Пули Сангин

Санаи 1 апрели соли равон вохӯрии намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак раиси Суди Олӣ муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён ва раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод бо сокинон ва аҳли ҷамоатчигии ҷамоати деҳоти Пули Сангин баргузор гардид.


Вохӯриро муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён ифтитоҳ намуда, оид ба масъалаҳои мубрами руз аз ҷумла вусъат додани корҳои ободонию бунёдкорӣ, таъмини саривақтии кишти баҳорӣ, беталаф ҷамъоварӣ зироатҳои пухтарасида, гузаронида кишти такрорӣ, истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин ва ба ин васила захираи накам аз 2 сола маводи озуқаворӣ дар ҳар як оила суханронӣ намуданд.