МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Август 2022
Норак

Баргузории ҷаласаи ҷамъбастӣ дар 3 моҳи соли ҷорӣ

Рӯзи 11 апрели соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҷаласаи ҷамъбастӣ се моҳи соли равон бо иштироки намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак раиси Суди Олӣ муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод ва раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Рустам баргузор гардид.


Тибқи рӯзномаи ҷаласа муовини якуми раиси шаҳр Азимзода Шуҳрат оид ба ҷамъбасти рушди тараққиёти иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар 3 моҳи соли 2022 ҳисобот доданд.
Баъд аз ҳисобот раиси шаҳр аз раҳбарони корхонаю муассисаҳо пурсиш ба амал оварда баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастур доданд.


Сипас Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба созовор пешвоз гирифтани 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак раиси Суди Олӣ муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён оид ба натиҷаҳои рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр фикру андешаҳои худро иброз намуда, ба сохторҳои давлатӣ, роҳбарони корхонаю муассисаҳо, аҳли ҷамоатчигӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ ва кормандони мақомоти иҷроияи дастурҳои мушаххас доданд.


Дар рафти ҷаласа раиси шаҳр ба Маҳмадизода Хайриддин Маҳмади ҷиҳати таъин шудан ба вазифаи муовини раиси шаҳр Норак барори кор таманно намуда, барои амалӣ намудани нақшаҳои корӣ ва корҳои созандагию бунёдкорӣ муваффақият орзу намуд.