МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

Конфересия бахшида ба 20-солагии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.12.1999, №5 "Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа"

Бахшида ба 20-солагии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” санаи 3 декабри соли 2019 дар толори мақомоти иҷроия таҳти унвони “Ташаббуси Пешвои миллат -эътимод ба зан, ба фардои дурахшон” конференсия бо иштироки занони хизматнишондода ва дигар занони собиқадор, инчунин духтарону занони фаъоли корхонаву муассисаҳо баргузор гардид.

 

Дар ҳамоиш муовини раиси шаҳр - Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан, собиқадори меҳнат- Азимова Мамлакат Музаффаровна, шоираи ширинкаломи Норакшаҳр- Муҳаррами Сорбонзод, директори литсейи давлатии “Нурбахш” - Сафарова Аслия, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 Наимова Назархотун- хатмкардаи муассисаи олӣ тибқи квотаи Президентӣ дар ситоиш ва нақши бонувону модарон дар рушду таҳкими давлатдории миллӣ маърӯзаҳо қироат намуданд.

 

Дар рафти чорабинӣ таъкид гардид, ки ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир менамояд ва дар якчанд барномаҳои давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила қайд намудааст.
Зеро занон ҳамчун чароғи оила, неруи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ дар ҷомеа нақши муассир доранд.

 

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳақ таъкид доштаанд, ки имрӯз модари тоҷик баробари иҷрои рисолати аслии хеш дар рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва дар ҳифзу нигоҳдошти расму оинҳои миллӣ ва суннату анъанаҳои ниёгон низ саҳми басо арзишманд дорад.

 

Дар фарҷом роҷеъ ба гиромидошти зан-модар аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимӣ порчаҳои шеърӣ қироат гардида, 12 нафар занони собиқадор ва фаъоли корхонаву муассисаҳои шаҳр бо сипосномаи раиси шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.