МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Вохуриҳо дар кӯчаву деҳаҳои шаҳр бо аҳолӣ

Бо мақсади иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани рӯҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, даст задани ҷавонон, духтарону занон ба ҷинояту ҷинояткорӣ, сӯйиқасд ба ҷон, пош хӯрдани оилаҳои ҷавон, инчунин пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз қабили вируси норасоии масунияти одам аз ҷониби кормандони шуъбаву бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, кор бо занон ва оила, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, котиби Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, марказҳои пешгирии бемории ВНМО, ташаккули тарзи ҳаёти солим дар кӯчаву деҳаҳои шаҳр бо аҳолӣ, бахусус занону ҷавонони хонашин корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ гардида истодааст.

 
Зимни суҳбату вохӯриҳо аз тарафи масъулон қайд карда мешавад, ки дар замони басо мураккаби сиёсӣ ҳушёриву зиракиро аз даст надода, ба гиромидошти анъанаҳои миллӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худогоҳиву ифтихори миллӣ таваҷчуҳи беш аз пеш зоҳир намоянд.