МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Июн 2022
Норак

Машварати корӣ

Имрӯз дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак таҳти роҳбарии муовини якуми раиси шаҳр Азимзода Шуҳрат машварат дар бораи муаррифӣ ва гузаронидани мониторинги барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Норак дар солҳои 2021-2025 баргузор гардид.


Дар машварат намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдо Холов Умед, Раҳмонов Зикрулло ва ҳайати гурӯҳи корӣ оид ба татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Норак дар солҳои 2021-2025 иштирок доштанд.


Дар рафти машварат котиби мониторинг ва арзёбии барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Норак дар солҳои 2021-2025 мудири бахши иқтисод ва савдо Султонов Идибек ҳисобот доданд.