МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

Вохўрии гурўҳи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони шаҳри Норак

Дар толори қасри фарҳанги шаҳр бо мақсади иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани рўҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолона ширкат варзидан дар маъракаҳои интихоботӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, террористӣ ва экстремистӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, сафарбарии дружиначиёни ихтиёрӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар давраи интихобот вохўрии гурўҳи ҳамкории ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони шаҳри Норак санаи 7 декабри соли равон доир гардид.

 

Дар вохўрӣ Раҳмон Далер Сафарбек - коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон; намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон - Фақеров Файзулло; намояндаи Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -Нарзуллозода Қурбонбибӣ Асадулло, муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон- Вализода Илҳом иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Ҳозирон аз ҳисоби мудирону мутахассисони шуъбаю бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроия, сардорон ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони кўчаву деҳаҳо, омўзгорон, фаъолон, ҷавонону занони корхонаву муассисаҳо ва намояндагони васоити ахбори омма таклиф шуда буданд.

 

Ҳайати раёсат зимни баромад таъкид доштанд, ки соли 2020 дар кишвари мо маъракаҳои муҳими сиёсӣ баргузор хоҳад шуд. Дар замони муосир интихобот яке аз меъёрҳои асосие мебошад, ки ба воситаи он иштироки шаҳрвандон дар ташаккули мақомоти ҳокимияти давлатӣ таъмин карда мешавад. Ҳамчунин, дар амал татбиқ намудани ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрвандон аз интихобот вобастагии зиёд дорад. Воқеан интихобот маълум менамояд, ки мардум ҷонибдори кадом ҳизб ё кадом неруи сиёсӣ аст. 

 

Самаранокии интихобот ва аз тарафи ҷомеа эътироф гардидани натиҷаҳои он яке аз нишонаҳои муҳимми ҷомеаи демократӣ маҳсуб меёбад. 

 

Санаи 4 декабри соли 2019, №1380 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ба тасвиб расид. 

 

Шаҳрвандон, бахусус ҷавонону занон бояд фаъолона дар маъракаи интихоботӣ иштирок намуда, аз ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии ҷомеа дар канор намонанд.