МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Конференсияи ҳизбӣ

Санаи 10 декабри соли 2019 дар толори китобхонаи марказии ба номи “Дўстии халқҳо”-и шаҳр бахшида ба 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ конференсия бо иштироки зиёда аз 100 нафар фаъолони ҳизб, собиқадорон, Ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан» доир гардид.

 

Дар ҷамъомад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Гулмуродзода Қумригул, узви фаъоли Ҳизб, роҳбари гурўҳи вакилӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳр -Набиев Суҳроб, директории литсеи давлатии «Нурбахш» -Сафарова Аслия, намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан»- Шарипов Сафар, собиқадори Ҳизб -Қосимов Раҳматулло роҷеъ ба таърихи таъсисёбии ҳизб, дастовардҳои ҲХДТ дар 25 соли фаъолият, нақши ҲХДТ дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷалби ҷавонону занон ба корҳои ободонию созандагӣ ақидаронӣ намуданд.

 

Зикр гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон замони ҳанўз дар ҷумҳуриамон алангаи ҷанги шаҳрвандӣ хомўш нагардида буд, таъсис ёфт. 

 

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби халқӣ, ҳизби мардумӣ мебошад, зеро тамоми кору фаъолияти он барои некуаҳволии халқ равона карда шудааст. 

 

Барҳақ дар Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, ки ҳизб ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ буда, бо роҳи иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа барои таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва зиндагии осоиштаи мардум фаъолият менамояд.