МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи энергетика


Бахшида ба таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи энергетика санаи 20 декабри соли 2019 дар толори қасри фарҳанги шаҳр ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки намояндагони касбу кори гуногун баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Мирзоев Сангалӣ ҳозиронро бо ҷашн табрик намуда, зимни суханронӣ таъкид карданд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи энергетика ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки инкишофи устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ эътироф гардида, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ҳадафи якуми стратегии миллӣ эълон гардид.
Баъдан, фаъолону пешқадамони соҳа, аз ҷумла 5 нафар бо сипосномаи раиси вилояти Хатлон, 20 нафар бо ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва 20 нафар бо ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ консерти идонаи ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр саршори меҳанпарастӣ ба ҳозирон намоиш дода шуд.