МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

Тамошои Паём

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Норак, муҳтарам Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирону мутахассисони мақомоти иҷроияи шаҳр тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Инчунин дар коллективҳои беморхонаи марказӣ, неругоҳҳои Нораку Бойғозӣ, муассисаҳои таълимию фарҳангии шаҳр ва дигар корхонаву муассисаҳои шаҳр тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.