МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Маҳфили идона дар «Сайёд»

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иҷрои амалҳои хайру савоб ва дастгирии табақаҳои ниёзманд бо ташаббуси мақомоти иҷроия ва дастгирии шахсони саховатпешаву дар тарабхонаи «Сайёд» барои 70 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд маҳфили идона баргузор гардид.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон ҳозиронро бо фарорасии Соли нави мелодии 2020 табруку муборакбод намуда, баъдан ба кӯдакон туҳфаҳои идона тақдим гардиданд.
Инчунин барои болидахотирии табъи ҳозирон аз ҷониби ҳофизи ҷавону боистеъдод Фариддун Раҷабов барномаи рангини консертӣ намоиш дода шуд.