МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Декабр 2020
Норак

Дастархони идона дар қисмҳои низомӣ

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат бо дастгирии иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар қисмҳои низомии дар шаҳр буда дастархони идона ороста шуда аз фаъолияти хизматии хизматчиёни ҳарбӣ дидан карда шуд.

 

 

Муфассал: Дастархони идона дар қисмҳои низомӣ

Паёми табрикотии раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ба муносибати фарорасии Соли нави 2021

Ҳамдиёрони азиз!

 

Боз як соли пур аз рӯйдодҳои таърихӣ аз рӯзгори мо сипарӣ гашта, чанд рӯз пас бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои нави созанда Соли нави мелодиро якҷоя истиқбол мегирем.

 

Ба ин муносибат сокинони ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳри энергетикҳои тоҷикро бо фарорасии Соли нави  мелодӣ самимона табрик гуфта, сиҳатмандиву рӯзгори осуда, хушбахтиву комёбӣ, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракат орзу менамоям.

Муфассал: Паёми табрикотии раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ба муносибати фарорасии Соли нави 2021

Иқдоми солинавӣ

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак, имрӯз дар хобгоҳи N°1 шаҳр аз ҷониби масъулини котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, ба маъюбону ятимон ва оилаҳои камбизоат ва ниёзманд тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд.


Иқдоми мазкур дар доираи дастури ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ карда шуд, ки боиси болидарӯҳии наврасон ва ҷавонони шаҳри Норак гардид.

Муфассал: Иқдоми солинавӣ

Иқдоми нек

Бо ташаббуси ҷамъияти "Иттифоқи маъюбони чернобилчиёни шаҳри Норак" ду ҳуҷраи табобатӣ дар беморхонаи шаҳрӣ таъмиру таҷдид карда шуда, бо таҷҳизотҳои зарурӣ, аз қабили кати махсус гардонидашуда, телевизор, гармкунаки барқӣ, термокс барои оби гарм, аробачаи маъюбӣ, асобағал таъмин карда шуд.


Ҷамъияти мазкур пайваста барои маъюбон ва иштирокчиёни садамаи Чернобил ғамхорӣ зоҳир менамояд.

Муфассал: Иқдоми нек

Баргузории иҷлосияи навбатӣ.

Имрӯз, 28 декабр, дар шаҳри Норак иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак, даъвати шашум баргузор гардид.


Дар иҷлосия 9 масъала, аз ҷумла ҳисоботи раиси шаҳри Норак дар соли 2020, иҷрои буҷети шаҳри Норак дар соли 2019 ва тасдиқи буҷети шаҳр барои соли 2021 , муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида, тасдиқи қарори раиси шаҳри Норак аз 25 декабри соли 2020 , N_°516 << Дар бораи мувофиқасозии тасҳеҳи Нақшаи генералии шаҳри Норак барои солҳои 2021-2025, тасдиқи нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак барои соли 2021 аз ҷумлаи масъалаҳои иҷлосияи мазкур буданд.

Муфассал: Баргузории иҷлосияи навбатӣ.