Ҷаласаи кории раиси шаҳр
- Нашр шуд: 04.01.2021 06:11
Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҷаласаи кории раиси шаҳр баргузор гардид.
Асозода Дилшод Алимурод диққати фаъолони шаҳрро ба сари вақт амалӣ намудани чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон , омода намудани иншоотҳои ҷашнӣ , кабудизоркунии талу теппаҳои атрофи шаҳру деҳот, чароғонкунии кӯчаҳои деҳот ва иҷро намудани нақшаи ҷамъоварии андоз ҷалб намуда , дастуру супоришҳо дод.