МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

28-умин солгарди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Январ 2021
Норак

Баргузории ҷаласаи ҳисоботӣ

Имрӯз дар бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр ҷаласа бо иштироки раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод оид ба ҳисоботи солонаи мудири бахш баргузор гардид.


Қайд гардид , ки дар давраи ҳисоботӣ 3600 бех ниҳолҳои гуногун ва 22 700 дона гулу гулбуттаҳо дар ҳудуди шаҳр шинонда шуда, дар соли 2021 шинонидани 7500 бех ниҳол ва 430 000 бех гулу гулбуттаҳо ба нақша гирифта шудааст. Дар ин давра 10 аксияҳои "Тозагии маҳал- 2020 " бо иштироки 6081 нафар ихтиёран гузаронида шуда, 112,3м³ партовҳо ҷамъоварӣ карда шудааст.

Муфассал: Баргузории ҷаласаи ҳисоботӣ

Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаи тандурустӣ

Таҳти раёсати муовини раиси шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаи тандурустии шаҳр ҷамъбаст карда шуд.


Дар он фаъолияти солонаи соҳа ва мушкилоти он баррасӣ ва мавриди мухокима қарор гирифт.

Муфассал: Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаи тандурустӣ

Тӯҳфаи арзанда барои шаҳрвандон

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр кӯли "Комсомол" баъди даҳсолаҳо азнавсозию барқарор карда шуда, дар гирду атрофи он корҳои ободонӣ идома дорад. Ба нақша гирифта шудааст, ки то оғози мавсими истироҳатӣ корҳои таъмиру азнавсозӣ ба анҷом расонида шуда, ҳамчун ҷои ҷамъиятӣ ба қабули шаҳрвандон омода карда мешавад.

Муфассал: Тӯҳфаи арзанда барои шаҳрвандон

Қавлу амал як аст

Раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод аз рафти ичрои корҳои сохтмонӣ дар бинои маркази адлия дидан намуд 35 нафар сохтмончиён дар давоми ду моҳ бунёди таҳкурсии биноро тибқи лоиҳа ба охир расонида, тасмим гирифтаанд то моҳи сентябр бинои хуштарҳу замонавии маркази адлияро сохта ба истифода супоранд.

 

Муфассал: Қавлу амал як аст

Ҷаласаи комиссияи доимӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо

Имрӯз дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҷаласаи комиссияи доимӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо баргузор гардид.


Дар он натиҷаҳои фаъолияти комиссияи доимӣ ва ҷамъиятӣ дар соли 2020 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муфассал: Ҷаласаи комиссияи доимӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо