МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Январ 2021
Норак

Пазироии хатмкунандагони Академия

Имрӯз вохӯрии раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод бо хатмкунандагони зинаи таҳсилоти яксолаи магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.


Раиси шаҳр ҷавондухтаронро барои бо муваффақият хатм намудани академия ва ба фаъолияти корӣ дар мақомоти иҷроия ва ҷамоати деҳоти Пули сангин шурӯъ намуданашон табрик намуда, мутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияро барои тибқи озмун ба зинаи таҳсилоти яксолаи магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудан муборакбод ва дар таҳсилаш муваффақиятҳо таманно намуд.

Муфассал: Пазироии хатмкунандагони Академия

Қабули шаҳрвандон

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" ҳафтае ду маротиба аз ҷониби раиси шаҳр қабули шаҳрвандон бо масъалаҳои шахсӣ гузаронида мешавад.


Имрӯз аз тарафи раиси шаҳр 11 нафар шаҳрвандон оид ба масъалаҳои шахсӣ қабул карда шуда, дархостҳои онҳо баррасӣ ва ба шахсони масъул барои иҷро ирсол карда шуд.

Муфассал: Қабули шаҳрвандон