МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

28-умин солгарди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Феврал 2021
  • Дш.
  • Сш.
  • Чш.
  • Пш.
  • Ҷм.
  • Ш.
  • Як.
Норак

Муҳтавои Паём

Вобаста ба расонидани мӯҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар деҳаи Тутқавули Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак аз ҷониби гурӯҳи таблиғоти дар ҳайати муовини раиси шаҳр ва вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳр вохӯрӣ баргузор гардид.

 

Муфассал: Муҳтавои Паём

Идомаи корҳои тарғиботӣ

Нимаи дуюми имрӯз дар деҳоти Навдеи Ҷамоати деҳоти Дӯконӣ бо иштироки гурӯҳи корӣ ҷиҳати расонидани мазмун ва муҳтавои паёми пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои таблиғотӣ гузаронида шуд.

 

 

Муфассал: Идомаи корҳои тарғиботӣ

Машварати корӣ

Имрӯз дар бинои агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ машварати корӣ гузаронида шуд, ки дар он муовини раиси шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Норак Ҳусейнзода Фаридун ва Ҷумаева Раъно директори "Маркази фарҳангӣ-омӯзишии Томирис" иштирок намуданд.


Дар машварат Ҷумаева Раъно оид ба масъалаҳои таълиму тарбияи ва касбомузии ҷавонон ва наврасон сухан ронда қайд карданд, ки нисбати солҳои гузашта таваҷҷӯҳи аҳоли барои касбомӯзӣ зиёд шуда истодааст.

Муфассал: Машварати корӣ

Лоиҳа дар амал

Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар муҳлатҳои муайяншуда амалӣ намудани лоиҳаи сармоягузорӣ раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод рафти иҷрои лоиҳаи "Обтаъминкунӣ ва санитарии шаҳри Норак"-ро бо намояндаи департамент оид ба хариди БАТР дар офисси марказӣ дар шаҳри Лондон ҷаноби Лука Мосашвили ва машвартчии лоиҳа мутахассис оид ба хариди Mott MacDonald Михаил Кадыров дар шаҳри Прага ба тариқи видеоконференсия мавриди баррасӣ қарор доранд.

Муфассал: Лоиҳа дар амал

Баргузории Нишасти Матбуотӣ

9 феврали соли равон дар маҷлисгоҳи хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ва роҳбарони сохторҳои давлатии шаҳр нишасти матбуотии раиси шаҳр дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ доир шуд.


Раиси шаҳр оид ба натиҷаҳои соли рафта сухан карда зикр намуд, ки дар соли 2020 ба буҷа 54,9 млн сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбати нақша 801,5 ҳазор зиёд мебошад.
Ҳамчунин дар асоси маълумотҳои корхонаҳои саноатии шаҳр дар соли 2020 ба маблағи 2,4 млрд маҳсулот истеҳсол намудан, ки нисбати ҳамин давра 103 фоиз ё ин ки 67.0 млн зиёд мебошад.

Муфассал: Баргузории Нишасти Матбуотӣ